ПРОБЛЕМЫ РАЗВИТИЯ СОЦИАЛЬНЫХ УСЛУГ В УСЛОВИЯХ ЦИФРОВОЙ ЭКОНОМИКИ
Язык издания: русский
Периодичность: ежедневно
Вид издания: сборник
Версия издания: электронное сетевое
Публикация: ПРОБЛЕМЫ РАЗВИТИЯ СОЦИАЛЬНЫХ УСЛУГ В УСЛОВИЯХ ЦИФРОВОЙ ЭКОНОМИКИ
Автор: Курбонализода Давлатали Таварали
Низоми саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таъсири фаъолнокии сармоягузорӣ дар шароити саноатикунонии иқтисодиётЗокир Хушмуҳаммадзода н.и.и., муаллими калони кафедраи система ва технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёти ДДМИТE-mail: , тел: 93-408-99-39Исматуллозода Азизулло Исматулло н.и.и., муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии ДДМИТ E-mail: , тел: 98-100-21-12Амалї намудани ҳадафҳои асосии стартегияи миллии рушд то соли 2030 бештар аз таъмини саноатикунонии кишвар вобаста мебошад, ки он њамчун шарти муњим дар заминаи истифодаи даромадноки нерўи захиравию табиї ба њисоб гирифта мешавад. Рушди он то андозае аз комилан мувофиќ будани сиёсати давлатї, сохтор ва самти захирањои маблаѓгузорињо вобаста аст, ки зарурати љалби сармоягузорї ва фаъол намудани фаъолияти сармоягузориро таќозо менамояд. Ин вазифањо ба якдигар алоқаманд буда, ба шарте судманд ва самаранок њалли худро меёбанд, ки низоми саноат њамчун соњаи бунёдии иќтисоди миллї ба њисоб гирифта шавад, зеро бе он таъмини рушди устувори иљтимоиву иқтисодии кишвар ба пуррагї имконнопазир аст.Калидвожаҳо: фаъолнокии сармоягузорӣ, рақамикунонии иқтисодиёт, тамоюли рушд, ҳосилнокии омили маҷмуӣ, боқимондаи Солоу, технологияи рақамӣ, вобастагии регрессионӣ, низоми саноат, арзиши изофа Бахши асосии саноат тағйироти саноатиро дар кишвар муқаррар намуда, барои ташкили истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти ватании ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда имконият фароҳам меорад. Аз ин рӯ, афзалиятҳои рушди саноатии кишвар бояд дар асоси ҳамоҳангсозии ядрои он бо дигар унсурҳои сохтори низоми саноатӣ муайян карда шаванд.Дар баробари ин дар чунин шароити душвор, ба монанди номуайянӣ ва ғайриякрангӣ, номувофиқӣ ва нопуррагии иттилоот, нақши расмикунонии идоракунии низоми саноат тавассути муайян кардани як қатор вазифаҳо барои таҳлили рушди низом дар умум, аҳамияти калон пайдо мекунад [1, 2].Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар қайд карда шуд, ки “Бо назардошти равандҳои муосир ... мо нақшаи гузариши иқтисоди кишварро аз модели аграрӣ-индустриалии рушд ба индустриалӣ-аграрӣ амалӣ менамоем”.Инчунин, дар мулоқот бо саноатчиёни кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки «рушди саноат заминаро барои таъмини субот ва рақобатпазирии иқтисодиёт фароҳам меорад. Ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаи саноат, пеш аз ҳама, аз масъулини соҳа ва соҳибкорон вобаста аст. Аз ин рӯ, барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми миллӣ тағйир додани принсипи таҳия ва механизми татбиқи сиёсати саноатии кишвар зарур аст».Барои ноилшавии самаранок ба ин ҳадафи стратегӣ зарурати таҳияи модели расмикунонидашудаи рушди «ядро»-и низоми саноат вуҷуд дорад, ки он дар ин бахши иқтисодӣ барои идоракунии самаранок ва мониторинги иҷрои барномаҳои давлатӣ манбаи иттилоотию таҳлилиро ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, моделсозӣ ва дурнамосозии низоми саноат ба ҳисоб гирифтани таъсири байниҳамдигарии "ядро"-и низоми саноат ва омилҳои экзогению эндогениро, ки фаъолияти онро муайян мекунанд, дар бар мегирад [3, 4].Дар айни замон, мушкилоти таҳияи қарорҳои саривақтӣ ва оқилонаи идоракунӣ дар заминаи таҳлили амиқ ва сохтани вариантҳои гуногуни сенария аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Дар давраи рушди истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои гуногуни рушди соҳаи саноат таҳия карда шуданд, аммо татбиқи барномаҳои қабулшуда рушди босуръати соҳаро дар сатҳи зарурӣ таъмин накарданд. То ба имрӯз, гарчанде кишвар дорои захираҳо ва иқтидорҳои бузург бошад хам, бозори истеъмолии кишвар аз ҳисоби молҳои саноатии беруна таъмин карда мешавад.Расмикунонии усулҳои идоракунии низоми саноат раванди танзим, ҳамоҳангсозӣ, назорат ва дурнаморо, аз рӯйи ҳамаи омилҳои таркибии рушди саноатии кишвар, имкон медиҳад, ба хусус фаъолнокии сармоягузорӣ. Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, ҷиҳати муайян намудани саҳми фаъолнокии сармоягузорӣ дар шароити муосири рақамикунонии иқтисодӣ дар бахши саноати ҷумҳурӣ, ҳосилнокии омилии маҷмуиро (ҲОМ), ки бо истилоҳи англисӣ TFP (total-factor productivity) дар иқтисодиёти ҷаҳон васеъ истифода мешавад, ҳисоб намудан мумкин аст. Ҳисоб ва таҳлили ин нишондиҳанда имкон медиҳад, ки ҳиссаи саҳми сармоя, меҳнат ва технология, аз ҷумла технологияи рақамӣ дар рушди низоми саноат, муайян карда шавад [2, 7]. Дар таҳқиқоти мазкур нишондиҳандаи ҲОМ бо истифода аз маълумоти ҷамъбастӣ, ки дар он хароҷоти сармоявӣ – ин ченаки сармояи асосӣ ва хароҷоти меҳнат – яъне, шумораи умумии соатҳои коркардашуда ё шумораи шуғл ба сифати хароҷоти меҳнат баромад мекунад, дар асоси формулаи зерин ҳисоб карда шудааст: , (1)ки дар ин ҷо 𝑌𝑡 – истеҳсоли маҳсулот, 𝐾𝑡 – сармоя, 𝐸𝑇𝑡 – шуғл ва 𝐴𝑡 - ҳосилнокии омилии маҷмӯӣ мебошад. Натиҷаҳои ҳисоби ҲОМ дар низоми саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷадвали 1 пешниҳод гардааст.Ҷадвали 1. ҲОМ дар низоми саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон [7, 8]Манбаъ: Ҳисоби муаллиф бо истифода аз маълумотҳои оморӣ [5, 6]Ҳисоби дар ҷадвал овардашуда нишон медиҳад, ки рушди ҳосилнокии омилии маҷмӯии низоми саноат нисбат ба рушди сармоя ва шуғл дар ин низом пешсаф мебошад, ки дар соли 2022 рушди он 107,7%-ро нисбат ба 95,7% ва 100,1% ташкил дод ва ин нишондод шаҳодат аз он медиҳад, ки солҳои охир дар ин низом технологияи навин (рақамикунонӣ) татбиқ гардида истодааст.Дар ин таҳқиқот қайд карда шудааст, ки вобастагии регрессионии арзиши изофаи ҳаҷми саноат нисбат ба қувваи корӣ дар саноат, сармоягузорӣ дар саноат ва ҲОМ дар саноат чунин мебошад, яъне агар қувваи корӣ дар саноат 1% зиёд шавад он гоҳ арзиши изофаи ҳаҷми саноат 1,3% рушд меёбад, ба ҳамин монанд агр 1% сармоягузорӣ дар бахши саноат зиёд гардад, он гоҳ арзиши изофаи ҳаҷми саноат 0,5% рушд меёбад ва агар ҲОМ дар саноат 1% зиёд гардад, он гоҳ арзиши изофаи ҳаҷми саноат 0,3% рушд меёбад, ки натиҷаи таҳлили регрессионӣ дар ҷадвали зерин оварда мешавад (Ҷадвали 2).Ҷадвали 2. Натиҷаҳои таҳлили регрессионии арзиши изофаи ҳаҷми умумии саноат нисбат ба қувваи корӣ, сармоя ва ҳосилнокии омилии маҷмуӣСарчашма: аз ҷониби муаллиф бо назардошти нишондиҳандаҳои ҷадвали 1 дар барномаи EViews тартиб дода шудаастДар ин ҷадвал T_IND_ADD – арзиши изофаи ҳаҷми саноат, I_ind – қувваи корӣ дар саноат, k_ind – ҳаҷми сармоягузории барои бадастоварии дастгоҳҳо дар саноат нигаронидашуда ва tfp_ind(-1) – ҲОМ-и соли қаблӣ дар саноат мебошад.Аз руи таҳлилҳои овардашуда чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст:Ҷиҳати дақиқ муайян ва масъалагузорӣ кардани рушди низоми саноати кишвар, ба мақсад мувофиқ мебошад, ки аз ҷониби мақомотҳои блоки иқтисодӣ ба роҳ мондани ҷамъоварии маълумоти оморӣ нисбат ба ҳосилнокии омилии маҷмуӣ дар маҷмуаҳои оморӣ;Бо мақсади дурнамои нишондиҳандаи ҲОМ ва андешидани чораҳои зарурӣ барои ноил гаштан ба рушди воқеии низоми саноати кишвар, тавсия дода мешавад, ки модели истеҳсолӣ (Solow residuals - боқимондаи Солоу) аз ҷониби мақомотҳои блоки иқтисодӣ, таҳия карда шуда, мавриди амал қарор дода шавад;Ҷиҳаи самарнок истифода бурдани сармоя, ки фаъолнокии он он дар бахши саноати кишвар нисбат ба қувваи корӣ ва ҲОМ дар ҳолати коҳишёбӣ қарор дорад (тибқи нишондоди ҷадвали 1), аз ҷониби мақомотҳои дахлдори ҷумҳурӣ чораандешӣ намуда, механизми ҷалби сармояи дохилӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ нисбати бунёд ва барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсолии саноати кишвар тариқи ҳавасмандсозии онҳо дарёфт карда шуда, амалӣ карда шавад. Адабиёт:Что такое цифровая экономика? Тренды, компетенции, измерение Ч-80 [Текст]: докл. к XX Апр. междунар. науч. конф. по проблемам развития экономики и общества, Москва, 9–12 апр. 2019 г. / Г. И. Абдрахманова, К. О. Вишневский, Л. М. Гохберг и др. ; науч. ред. Л. М. Гохберг ; Нац. исслед. ун-т «Высшая школа экономики». — М.: Изд. дом Высшей школы экономики, 2019. — 82 Некоторые аспекты моделирования и прогнозирования ВВП в Республике Таджикистан [Текст]: доклад в рамках Проекта ЕС «Поддержка отдельных направлений реформ в сфере управления государственными финансами», Душанбе, ноябрь 2017 г. , Shifting Cultivation Versus Sustainable Intensification / . Carbon Management and Sequestration Center, The Ohio State University, Columbus, OH, USA Available online 7 February 2015 Шарифзода М., Ризоқулов Т., Татбиқи технологияҳои рақамӣ – омили муҳими рушди иқтисодиёти кишвар / Ҷумҳурият №: 79, санаи нашр 23.04.2020 Омори солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷмуаи омории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2023Саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷмуаи омории Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2023. Келли Т, Ляплина А., Тан Ш.У., Уинклер Э. Получение цифровых дивидендов. Эффективное использование интернета как инструмента развития в регионе Европы и Центральной Азии / группа ВБ, Исследования Европы и Центральной Азии , 2017